ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ
Об на танҳо омили ҳаёт, балки заминаи рушди иқтисод, кишоварзӣ ва фарҳанги ҷомеаҳо мебошад. Шаҳрҳои аввалин дар канори дарёҳо бунёд ёфта, маҳз ба шарофати об инсон тавонист ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул шавад. Имрӯз низ ҳаёти инсоният бидуни об тасаввурнопазир аст, зеро он барои нӯшидан, истеҳсоли неруи барқ, рушди саноат ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши ҳалкунанда дорад.Бо вуҷуди ин, дар асри XXI инсоният бо мушкилоти ҷиддии норасоии об рӯ ба рӯ гардидааст. Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии манбаъҳои об ва истифодаи ғайриоқилонаи он боиси коҳиш ёфтани захираҳои оби тоза мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи об ва истифодаи самараноки он ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар ин замина, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти бузург доранд. Пешниҳодҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо ва таъмини ҳамкории кишварҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон обро на танҳо неъмати миллӣ, балки сарвати умумии башарият медонад.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто аз се ду ҳиссаи мавҷудияти одам аз об иборат аст. Ан панҷ чор ҳиссаи бадани растанӣ аз об иборат аст. Об барои ҳайвонот, растанӣ, табиат, ҷамъият ва ҳаёт низ зарур аст. Об ҳамчун масоили мубрами дар иқтисодиёти ҷаҳон неъмати бебаҳо сарчашмаи тамоми мавҷудот мебошад. Дар давоми зиёда аз 16 соли охир дар ҷаҳон масъалаи «иқтисоди сабз» дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад ва тоҷикистон дар истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи барқи тоза, ба қатори 6 давлати пешрафтаи ҷаҳон дохил гардид, ки ин дастовард боиси ифтихор аст. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мо ин таъмини амнияти озуқаворист, ки барои амалӣ гардидани он рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва таъмини комплекси агросаноатии мамлакат бо об муҳим мебошад. Ин вазифаи муҳим дар Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал гузошта шудааст.
Бо иқдом ва саҳмгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 1993 дар якҷоягӣ бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд. Соли 2002 бо мақсади ҳалли қазияи марбут ба об ва масоили экологии баҳри Арал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш раисии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал аз соли 2002 то соли 2008 ба уҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд.
Об яке аз захираҳои ҳаётан муҳим барои рушди устувори инсоният ба ҳисоб меравад. Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва камшавии захираҳои об, масъалаи истифодаи оқилона ва ҳифзи об ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин мушкилот нақши муҳим ва ташаббускорона дорад.Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.
Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо аҳамияти экологӣ, балки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ низ доранд. Онҳо ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори СММ, хусусан ҳадафи 4 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) » мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, ин иқдомҳо ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи об мусоид мебошанд.Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об саҳми арзишманд дар ҳалли мушкилоти глобалии асри XXI ба шумор мераванд.
Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонидошта баромад намуда, дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Хулоса, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки нисбат ба об бо эҳтиром муносибат намояд, онро ҳифз кунад ва барои наслҳои оянда нигоҳ дорад, зеро об - пояи ҳаёт ва омили бақои инсоният мебошад.
Бобоев К.О – доктор фалсафа (PhD),
Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ
Баҳридинова Гулнора – Ходими калони илмии
шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ